Рустами Эмомалӣ омӯзгорони пойтахтро қадрдонӣ мекунад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда қарор ба имзо расонид. Барои ҳавасмандсозии омӯзгорон аз буҷети шаҳр 129 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Ҳакимзода ба “Азия-Плюс” хабар дод. “Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда қарор ба имзо расонид.

Барои ҳавасмандсозии омӯзгорон аз буҷети шаҳр 129 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Ҳакимзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» 43 муаллим аз мақомоти шаҳрдорӣ ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад”, – гуфт ӯ.

Дар қарор ба муовинони раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки иҷрои бандҳои онро зери назорат гиранд.

Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор, ки ҳамасола дар зиёда аз 100 кишвар ҷашн гирифта мешавад, соли 1994 таъсис дода шуд. Асоси таърихии он Конфронси махсуси байниҳукуматӣ дар бораи мақоми омӯзгорон буд, ки 5-уми октябри соли 1966 дар Париж доир гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.