Бонки миллӣ изҳор медорад, ки захираи сомонии нақд барои ҳама кофист

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дорои захираи кофии пули нақд мебошад. Дар зер посухи БМТ ба маводи Хабаргузории “Азия-Плюс” таҳти унвони “В Таджикистане не хватает сомони. Это целенаправленная политика НБТ?” (“Камбуди сомонӣ дар Тоҷикистон сиёсати ҳадафмандонаи БМТ аст?”), ки рӯзи 30-юми сентябр ба нашр расида буд, дар шакли пурра оварда мешавад: Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дорои захираи кофии пули нақд мебошад. Дар зер посухи БМТ ба маводи Хабаргузории “Азия-Плюс” таҳти унвони “В Таджикистане не хватает сомони. Это целенаправленная политика НБТ?” (“Камбуди сомонӣ дар Тоҷикистон сиёсати ҳадафмандонаи БМТ аст?”), ки рӯзи 30-юми сентябр ба нашр расида буд, дар шакли пурра оварда мешавад:

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани пули нақд тибқи муқаррарот дархостҳои худро ба Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон як рӯз қабл аз гирифтани пули нақд пешниҳод менамоянд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо қабули дархост санҷиши ҳолати бақияи хазинаҳои муомилотии ташкилотҳои қарзӣ ва ба кадом мақсад истифода намудани пули нақди дархостшударо мегузаронанд. Ҳангоми дар хазинаҳои муомилотӣ ва банкоматҳои ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд будани маблағҳои калони пули нақд дархости онҳо ба инобат гирифта намешавад.

Ҳолатҳое ҳастанд, ки ташкилотҳои қарзӣ дар суратҳисобҳояшон маблағи зарурӣ надоранд, ки ба суратҳисоби махсус барои гирифтани пули нақд гузаронанд ва бо пули нақд таъмин карда шаванд, ки ин мушкилоти ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро мунтазам бо пули нақд таъмин менамояд. Дар ҳашт моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ аз хазинаҳои Хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ва хазинаҳои шуъбаҳои минтақавии он, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 7 миллиард (7 050) сомонӣ бо пули нақд таъмин карда шудаанд. Пули нақд ба ташкилотҳои қарзӣ пеш аз ҳама бо мақсади пардохти музди меҳнат, нафақа, пасандозҳо, лоиҳаҳои қарздиҳӣ, алалхусус қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дорои захираҳои кофии пули нақд (пулҳои коғазӣ ва тангаҳои филизӣ) мебошад ва дар самти саривақт бо пули нақд таъмин намудани соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ягон мамоният вуҷуд надорад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.