Камбуди сомонӣ дар Тоҷикистон сиёсати ҳадафмандонаи БМТ аст?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб як моҳ инҷониб камбуди сомонӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷа одамон пулҳои интиқолёфтаи худро гирифта наметавонанд. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) алҳол вазъро шарҳ надода, коршиносон ин ҳолатро ба сиёсати ҳадафмандонаи БМТ, ки ба таҳкими қурби арзи миллӣ равона шудааст, рабт медиҳанд.

Филиали бонкҳо дар чанде аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ва тобеи марказ аз охири моҳи гузашта ба мушкилоти норасоии пули нақд дучор шудаанд. Бо ин сабаб одамон пулҳои интиқошударо, ки асосан аз ҷониби муҳоҷирон фиристода мешавад, гирифта наметавонанд.

Гап сари он аст, ки аз соли 2016 бо фармоиши БМТ воситаҳои пулии ба ҷумҳурӣ интиқолёфта танҳо бо сомонӣ дода мешаванд ва наздики 90%-и аз ҳаҷми умумии ин маблағҳо маҳз бо рубли русӣ ирсол мегардад.

Сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атроф аз он шикоят доранд, ки муддати чандин рӯз барои гирифтани пулҳои худ меоянд, аммо захираи бонкҳо ҳанӯз то нисфирӯзӣ ба охир мерасанд. Дар натиҷа пул танҳо ба чанде аз нафарони хуштолеъ мерасаду халос ва дигаронро лозим меояд, ки ба рӯзи дигар умед банданд.

Дар шаҳру навоҳии наздики пойтахт, аз ҷумла, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод ва ғайра низ чунин ҳолат мушоҳида мешавад.

Барои шарҳи ин вазъ аввали ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” ба Бонки миилӣ муроҷиат кард, лекин муддати панҷ рӯз аст, ки ягон посухе дастрас нашудааст.

Маҳдуд кардани гардиши пули нақд

Аксари коршиносоне, ки мо ба онҳо муроҷиат кардем, масъаларо равшану возеҳ шарҳ дода наметавонанд.

Бархе бар ин назаранд, ки ин талоши аз бозор баровардани бонкҳои муайян аст. Дигарон ҳадс мезананд, ки бо ин амал Бонки миллӣ бо мақсади назорати пурсамари воситаҳои молиявӣ ва ғайра хостори гузаштан ба ҳисобу китоби ғайринақдӣ аст.

Аммо як мутахассиси бахши бонкӣ ба шарти ифшо нашудани ному насабаш дар ин робита гуфт, Бонки миллӣ ҳадафмандона гардиши пули нақдро маҳдуд мекунад, то ки дар шароити камбуди шадиди асъори хориҷӣ беқурбшавии минбаъдаи сомониро боздорад.

“Шумо шояд пай бурдед, ки фарқ байни қурби расмӣ ва бозории доллар чандон назаррас нест – ҳамагӣ 1-2 сомонӣ? Барои ба ин ноил шудан Бонки миллиро лозим омад, ки пули нақдро сунъӣ кам кунад”, – гуфт ӯ.

Коршинос таъкид дошт, ки ба истифодаи ин воситаи таъсиргузории молмявӣ ба гардиши пули нақд, БМТ баъд аз якбора тағйир додани қурби пули миллӣ – аз 9,43 сомонӣ то 9,70 сомонӣ барои 1 доллар дар охири моҳи гузашта оғоз кард.

“Барои дар як сатҳ нигоҳ доштани қурби сомонӣ Бонки миллӣ дигар илоҷе надошт, зеро бар асари нокофӣ будани захираҳои тиллову асъор, имкони дахолат ба бозори асъорро надошт”, – афзуд ӯ.

Амали хатарнок барои иқтисод

Ба ақидаи коршиносон, бо маҳдуд сохтани гардиши пули нақд Бонки миллӣ метавонад ба рушди иқтисод монеа эҷод созад.

“Дар сурати аз ҷониби давлат нодуруст истифода шудани воситаи танзими гардиши пули нақд, бонкҳои ҷудогона осеб дида метавонанд, зеро камбуди пули нақд ба бахши воқеии иқтисод ва истеҳсолот таъсир мерасонад”, – иброз дошт иқтисодшинос Зафар Носиров.

Ӯ таъкид дошт, ки бинобар сабаби гаронии қарзҳои бонкӣ,  дастрасии тиҷорат ба захираҳои молиявӣ бе ин ҳам хеле маҳдуд аст.

“Ддар чунин шароит ба таври сунъӣ кам кардани гардиши пули нақд боиси муфлисшавии бисёре аз тоҷирон шуда метавонад. Тиҷорати талафёфта – ҷойҳои корӣ ва андози аздастрафта, хизматрасониҳои суратнагирифта, молу маҳсулоти истеҳсолнашуда ва ғайраву ҳоказо аст”, – гуфт коршинос.

“Фикр мекунам, ки ба ҳар ҳол дар Бонки миллӣ вазъро пайгирӣ доранд ва аллакай ба ҳалли он машғуланд”, – таскин бахшид мутахассис.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...