Ҳунармандони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз 13 то 19 октябр бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Самарқанд мераванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намоиши спектакли аввал рӯзи 14-уми октябр дар Театри вилоятии мусиқӣ ва драмаи ба номи Ҳамид Олимҷони Самарқанд доир мешавад. Ҳайати эҷодии театр ду спектакл – “Бузаки ҷингилапо” барои кӯдакон ва “Найрангҳои Майсара”-ро барои калонсолон аз рӯйи пйесаи шоир ва драматурги ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ намоиш медиҳад.
Коргардон ва басаҳнагузорандаи ҳар ду спектакл Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов мебошад. Либретто барои спектакли “Найрангҳои Майсара”-ро С.Абдулло ва Н.Муҳаммедов навиштаанд.
Зикр мешавад, ки спектакли “Найрангҳои Майсара” яке аз намоишномаҳои писандидаи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сафарҳои ҷавобии ҳунармандони ӯзбек ба Тоҷикистон моҳи апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


