Худкушии марди тоҷик дар вилояти Маскав пас аз марги писараш

Дар як оилаи зодагони Тоҷикистон дар Балашихаи вилояти Маскав ҳодисаи фоҷиабор рух дод. Тифли навзоди оила пас аз ширхӯрӣ нафасгардон ва ҳалок шуда, падараш аз ин талафот даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 1-и шаб рух дода, то омадани табибон кӯдак фавтидааст. Пас аз […]

Дар як оилаи зодагони Тоҷикистон дар Балашихаи вилояти Маскав ҳодисаи фоҷиабор рух дод. Тифли навзоди оила пас аз ширхӯрӣ нафасгардон ва ҳалок шуда, падараш аз ин талафот даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 1-и шаб рух дода, то омадани табибон кӯдак фавтидааст. Пас аз рафтани табибон падари хонавода худро аз ошёнаи 10-уми манзил ба замин партофтааст.

Нашрияи "Московский комсомолец" бо такя ба гуфтаҳои наздикони оила менависад, писарча 18-уми август ба дунё омадааст. Падари ӯ муддати 12 сол дар вилояти Маскав зиндагӣ дошта, шаҳрвандии Русияро доштааст.

Барои оилаи онҳо – ҳам зану ҳам мард ин никоҳи аввал ва тифли нахустин будааст. Илҳом муддати тӯлонӣ дар бозори «Владимирский тракт» ба ҳайси фурӯшанда кор карда, манзил мехарад ва онро бо дастони худ таъмир карда, сипас моҳи октябри соли 2018 бо дӯстдоштааш Зумрад хонадор мешавад.

Нашрия қайд мекунад, ки зан ва модари ҷавон ният дорад, ки ҷасади шавҳар ва писарчаашро ба Тоҷикистон барад. Чиптаҳо то Душанбе харида шудааст. Сипас лозим меояд, ки то Бадахшон бо мошин бираванд. Ҷасадҳо дар оромгоҳи зодгоҳашон ба хок супурда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.