Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев дар Тошканд

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба Ӯзбекистон бо ҳайати парлумон чанде қабл дар Тошканд бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард. Тавре сардори маркази матбуоти МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ густариши робитаҳо байни ду кишвар дар ҳама самтҳо таъкид шуд. Роҳандозии кори муштарак дар сатҳи кумитаҳо ва гурӯҳҳои […]

Баҳманёр Нодиров

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба Ӯзбекистон бо ҳайати парлумон чанде қабл дар Тошканд бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кард.

Тавре сардори маркази матбуоти МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ густариши робитаҳо байни ду кишвар дар ҳама самтҳо таъкид шуд.

Роҳандозии кори муштарак дар сатҳи кумитаҳо ва гурӯҳҳои байнипарлумонӣ бо мақсади татбиқи қарордодҳои ҳосилшуда дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ шуд.

“Сафари мазкур таҷассуми робитаҳои барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем. Тақрибан 3 сол мешавад, ки шумо сарварии Ҷумҳурии  Ӯзбекистонро бар уҳда доред. Ин давраро  метавон солҳои ислоҳоти муҳим ва тағйирот номид, зеро се сол пеш ин корҳо ғайриимкон менамуданд”, – иброз дошт зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров.

Ӯ таъкид дошт, ки “дар қарордодҳои ҳосилшуда ва созишномаҳои баимзорасида байни ду кишвар ниятҳои чандинасра, ирода ва қотеъияти ду халқи ба ҳам дӯсту бародар таҷассум ёфтаанд”.

“Соли 2018 тақрибан 750 000 нафар сайёҳ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Агар се-чор сол пеш шумораи донишҷӯёни Ӯзбекистон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ангуштшумор бошанд, пас имсол беш аз 4000 довталаби ӯзбек ба муассисаҳои олии мо дохил шуданд. Ин аз динамикаи мусбати рушди муносибатҳои байни давлатҳои мо шаҳодат медиҳад”, – гуфтааст Зуҳуров.

Шавкат Мирзиёев дар навбати худ қайд кардааст, муколамаи мунтазам ва боъэтимод дар сатҳи баланд имкон дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба ба сатҳи бесобиқаи олӣ бароварда шаванд.

“Ташрифи ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон боз як гувоҳии барҷастаи таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвари дӯсту бародар мебошад. Ҳаҷми гардиши мол афзоиш меёбад, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд”, – гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.