Баргузории тамринҳои санҷишии КҲФ барои кормандони ВКД дар Хатлон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ миёни ҳайати шахсии хадамоти таъмини ҳуқуқии ВКД дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда” баргузор кард. “Зимнан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 техника ва бештар аз 113 нафар кормандон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ миёни ҳайати шахсии хадамоти таъмини ҳуқуқии ВКД дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда” баргузор кард.

“Зимнан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 техника ва бештар аз 113 нафар кормандон сафарбар шуданд”, – иттилоъ дод Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти КҲФ ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи ӯ, омӯзишҳои мазкур ба таҳияи алгоритмҳои амал ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ (вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодасозии аҳолӣ, гузаронидани корҳои садамавию наҷот, таъмини аҳолӣ бо воситаҳои аввалияи зиндагӣ, таъҷилан барқарор кардани вайронаҳои хадамоти ҳамлунақлӣ, омодагии ҳамешагии нерӯҳо ва воситаҳо)-ро дар бар гирифтанд.

Дар ҷараёни тамринҳо, ки дар се марҳила баргузор шуданд, масъалаҳои омодагии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Барномаи ягонаи системаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолӣ ба ҷойҳои амн баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин нуқтаҳои қабули беморон ва маҳалҳое, ки бояд пазиришгоҳҳои сайёр ҷойгир карда шаванд, воҳидҳои ғайриштатии садамавию наҷот, нуқтаҳои тавзеҳи воситаҳои ҳимояи фардӣ, ҳамчунин нуқтаҳои сайёри тақсими ғизо ва маводи ниёзи аввал тафтиш карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.