Чаро баъзе сомонаҳои Tj дар хориҷи кишвар дастнорасанд?

Корбарон дар хориҷи кишвар аз сабаби бозшавии сусти сомонаҳои минтақаи домении Tj онҳоро кушода наметавонанд. Бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки торнамоҳо аз сабаби суръати сусти трафики беруна дастнорасанд. Дар минтақаи домении Tj бештар сомонаҳои сохторҳои давлатӣ, аз қабили meteo.tj, investcom.tj, торнамоҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир буда, онҳо барои корбарон дар хориҷи кишвар дастнорасанд. Дар дохили ҷумҳурӣ агар кори […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Корбарон дар хориҷи кишвар аз сабаби бозшавии сусти сомонаҳои минтақаи домении Tj онҳоро кушода наметавонанд. Бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки торнамоҳо аз сабаби суръати сусти трафики беруна дастнорасанд.

Дар минтақаи домении Tj бештар сомонаҳои сохторҳои давлатӣ, аз қабили meteo.tj, investcom.tj, торнамоҳои Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷойгир буда, онҳо барои корбарон дар хориҷи кишвар дастнорасанд. Дар дохили ҷумҳурӣ агар кори VPN қатъ карда шавад, сомонаҳо зуд кушода мешаванд. Ё бозшавии баъзе сомонаҳо тӯлонӣ давом мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як мутахассиси бахши IT (технологияҳои иттилоотӣ) хабар дод, сабабҳои чунин вазъ комилан фаннӣ (техникӣ) буда, ба хостинг ва интернети гаронарзиш дар Тоҷикистон марбутанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонунгузорӣ, ҳамаи сомонаҳои мақомоти давлатӣ бояд дар серверҳои ватанӣ хостинг дошта бошанд.

“Аз сабаби гаронии арзиши интернет ширкатҳои таъмингари хостинг баҳри зиёд боло набурдани нархи дастрасӣ ба сервер, захираҳои хеле маҳдуд бо долон (канал)-и тангро медиҳанд, лекин арзонтар. Сохторҳои двлатӣ ва чанде аз ширкатҳои ватанӣ бо мақсади сарфакорӣ маҳз ҳамин гуна хостингҳои арзонро мехаранд. Чун муроҷиат аз хориҷи кишвар ба сомона бо долони танг зиёд шавад, он умуман боз намешавад ё бозшавиаш хеле тӯлонӣ ҷараён мегирад”, – шарҳ дод коршинос.

Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, дар дохили Тоҷикистон сомона муътадил кор карда, дар берун аз ҳудуди кишвар қариб дастнорас аст.

Хадамоти алоқа, ки масъули минтақаи домении Tj мебошад, ин масъаларо ҳеҷ гуна шарҳ намедиҳад.

Моҳи май корбарон дар хориҷи кишвар муддати як ҳафта ба сомонаҳои сохторҳои давлатӣ ворид шуда натавонистанд. Сабабаш то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Нимаи моҳи май сокинони Тоҷикистон муддате аз истифодаи замимаи ҷустуҷӯ ва дигар хидматгузориҳои Google маҳрум шуданд. Дастрасӣ ба шабакаи ҷустуҷӯйи Yandex низ маҳдуд шуда буд.

Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо маъмулан аз ҷониби ҳукуматдорон шарҳ дода намешавад. Аммо дар мавриди қатъи дастрасӣ ба Google аз Хадамоти алоқа хабар дода буданд, ки он “аз хориҷи кишвар сурат мепазирад”.      

Asia-Plus низ то ҳол дастнорас аст

Сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” қариб як сол дастнорас аст. Қатъкуниҳои дастрасӣ пештар ҳам сурат мегифтанд, аммо ба як давра, яъне муддате қатъу муддате дастрас мешуданд.

Ин қатъи дастрасӣ муддати аз ҳама зиёдтар идома дорад. Моҳи августи соли гузашта пас аз амали террористӣ дар ноҳияи Данғара, ки бар асари он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд, дасрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва як қатор сомонаҳои хабаргузориҳо қатъ шуд.

Он замон ба ҷуз сомонаҳои хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба анонимайзерҳо (қуфлшиканҳо), ки тариқи онҳо вуруд ба сомонаҳои дастрасиашон қатъшуда имкон дошт, низ маҳдуд шуд. Дар воридшавӣ ба мессенҷерҳо низ мушкилӣ вуҷуд дошт.

Баъди ҳодисаи Данғара дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” низ қатъ шуда, муддати қариб ду моҳ сомона дастнорас буд. Нимаи моҳи октябр дастрасӣ барқарор шуд, аммо аз 2-юми ноябр то ҳол боз дастнорас аст.

Аз 19-уми августи соли равон ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.news ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Он рӯз дар сабти техникии DNS-сервери мо дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “О” рақами 0 (сифр) пайдо шуд.

Айни замон ба сомонаи иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав – asiaplus.news метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (ба забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (ба забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳои мо дар саҳифаи фейсбукии мо https://www.facebook.com/newstj, Дзен-канал – https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграм – https://www.instagram.com/asiaplustj/ низ қобили дарёфт аст.

Дар робита ба ин мушкил почтаҳои электронии мо низ аз кор монда буданд. Ҳозир тариқи имайлҳои нави мо бо “Азия-Плюс” тамос гирифта метавонед:

* Идора – [email protected]

* Радио – [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ – [email protected]

* Обуна ба иттилоот – [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ – [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.