Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти коҳиши талафоти бахши электроэнергетика, аз ҷумла, афзоиши ҳамасолаи арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ истиқбол мекунад.
“Ислоҳот дар ширкати давлатии энергетикӣ, аз ҷумла, ҳамасола боло бурдани тарифҳо барои истеъмолгарони маишӣ ба коҳиши талафот дар ин соҳа кумак кард”, – гуфта мешавад дар изҳороти ҳайати ХБА аз рӯйи натиҷаи сафари дуҳафтаина ба ҷумҳурӣ.
Тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон тайи се соли охир ҳамасола боло бурда мешаванд. Арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ дар ин давра 79,8% зиёд шуд: аз 12,6 дирам дар соли 2017 (то болоравии тарифҳо дар моҳи октябр) то ба 22,66 дирам аз 1-уми сентябри ҳамин сол .
Дар изҳороти ҷамъбастии Хазина ҳамчунин гуфта мешавад, ки сарфи назар аз афзоиши каср (камбуд)-и буҷет ва таносуби муомилоти молиявии хориҷӣ, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигаҳдорӣ шуда, ислоҳоти бахши молиявӣ идома ёфтааст.
Аз рӯйи натиҷаи сафар ҳайати ХБА ба ҳукуматдорони Тоҷикистон 4 амали асосиро тавсия медиҳад:
– таҳкимбахшӣ ва муттаҳидсозии буҷет барои таъмини суботи он ва коҳиши хатарҳои буҳрони қарзӣ;
– таъмини устувории бештари қурби мубодилавӣ ва беҳтар кардани амалиёт дар бозорҳои асъор ҷиҳати мутобиқат ба муҳити нисбатан заифи глобалӣ;
– роҳандозии сиёсати устувори пуливу қарзӣ барои дастгирии гузариш ба суботи наргузорӣ;
– ислоҳоти минбаъдаи бахши молиявӣ ҷиҳати барқарор кардани эътимод ба низоми бонкӣ.
Гуфта мешавад, дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз 23-юми сентябр то 4-уми октябр ҳайати ХБА бо муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид, ҳамчунин роҳбарони Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика, Вазорати саноат ва дигар мансабдорони воломақом дидору гуфтушунид кардааст.
Аъзои ҳайат бо намояндагони парлумон, бахши бонкӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд низ вохӯрдааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




