Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  9.6895 сомонӣ; 1 евро – 10.7021 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1508 сомонӣ.  ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Рӯзи байнулмилалии стандартизатсия 1924 – Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон). 1948 […]

Asia-Plus

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6895 сомонӣ;

1 евро – 10.7021 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1508 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии стандартизатсия

1924 – Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон).

1948 – Таъсиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон.

2003 – Ифтитоҳи Бозиҳои V-уми Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки дар он беш аз 700 нафар варзишгарони минтақа ширкат варзиданд.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор шуд.

2009 — Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ»-ро маъқул шуморид, ки мутобиқи он минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ аз харидани манзили зист дар қаламрави ҶТ маҳрум шуданд.

2011 — Президент ба дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Анвар Юнусов автомашина тақдим намуд.

1912-1971 – Зодрӯзи дирижёр ва оҳангсоз Аъзам Камолов.

1929 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Лола Исмоилова, дорандаи дипломи №1-и ДДТ.

1933 – Зодрӯзи журналист Занҷирбек Ёрбеков.

1940-2003 – Мавлуди рӯзноманигор Малаш Раҳмонқулов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 14 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.