Ду муштзани тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё пирӯз шуданд

Дар нахустин қувваозмоиҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ду муштзани тоҷик бар рақибони худ дастболо шуданд. Чемпионати Осиё 10-уми октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа 4 варзишгари тоҷик муҳориба карданд ва ду нафари онҳо ғалаба ба даст оварданд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар […]

Дар нахустин қувваозмоиҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ду муштзани тоҷик бар рақибони худ дастболо шуданд.

Чемпионати Осиё 10-уми октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа 4 варзишгари тоҷик муҳориба карданд ва ду нафари онҳо ғалаба ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар вазни 52кг Абубакр Муродов бар Адилет Омуров аз Қирғизистон бо ҳисоби 4:1, инчунин дар вазни 57кг Довуд Маҳкамов бар варзишгари дигари Қирғизистон Йирискелдӣ Эмирбек бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Ду варзишгари дигари тоҷик Абубакр Юнусов дар вазни +80кг аз ҳарифи қирғизистониаш Арген Бактибеков, инчунин Бахтовар Далиев дар вазни 63кг аз ҳарифи чиниаш Синран Жао мағлуб гардиданд.

Аввалин муҳорибаҳои худро варзишгарони дигари мо Баҳоваддин Солеҳов муқобили Абдулла Патиев аз Қазоқистон дар вазни 50кг, инчунин Фирдавс Рустамов муқобили По-Ҳао Ҳсу аз Тайпейи Чин дар вазни 46кг имрӯз доир мекунанд.

Абубакр Муродов дар даври дуюм бо Ҷунҳо Ким аз Кореяи Ҷанубӣ вориди ринг мешавад.

Ёдрас мекунем, дар ин мусобиқа, ки то 17-уми октябр идома меёбад, 239 варзишгар аз 26 кишвари қораи Осиё дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон ва 13 вазн миёни духтарон – барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар ва 1 духтар ба АМА сафарбар шудаанд, ки дар 11 вазн муҳориба мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.