Маҷмӯаи дастҷамъии 37 шоири ҷавони тоҷик рӯнамоӣ шуд

Рӯнамои маҷмӯаи шуарои ҷавони тоҷик бо номи “Шоири як шеър” 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури аҳли адаб баргузор шуд. Ин маҷмӯа фарогири аксу тарҷумаи ҳол ва якшеърӣ аз 37 эҷодкори ҷавони тоҷик мебошад. Он бо иқдоми раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон Гулрухсор ва шоиру адабиётшиноси маъруф Рустами Ваҳҳоб рӯйи чоп омадааст. Муҳаррири ин […]

Рӯнамои маҷмӯаи шуарои ҷавони тоҷик бо номи “Шоири як шеър” 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури аҳли адаб баргузор шуд.

Ин маҷмӯа фарогири аксу тарҷумаи ҳол ва якшеърӣ аз 37 эҷодкори ҷавони тоҷик мебошад. Он бо иқдоми раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон Гулрухсор ва шоиру адабиётшиноси маъруф Рустами Ваҳҳоб рӯйи чоп омадааст.

Муҳаррири ин маҷмӯа Рустами Ваҳҳоб ба Asia-Plus гуфт: “Шоири як шеър” тарҳи бисёр таваҷҷуҳбарангез аст, ки бо фароҳам овардани ашъори чандин нафар аз ҷавонони нисбатан муваффақ дар шеъри имрӯз чароғи сабзеро дар роҳи ояндаи шеъри тоҷик равшан карда, ба мо ва соҳибони ин ашъор умедворӣ эҳдо мекунад”.

“Шоирони ҷавони имрӯз аксар аз фанни шеър огоҳии хуб доранд. Бисёре аз онҳо дар баробари шеър машғул ба пажӯҳиши адабӣ ва дифоъи рисолаҳои илмии худ ҳастанд. Яъне аз захираи муносиби маърифати адабӣ бархурдоранд”, – афзуд ӯ.

Дар ин маҷмӯа шеърҳои Сурайё Ҳакимова, Бузургмеҳри Баҳодур, Саид Ризо, Бобаки Суғдӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Баҳроми Раҳматзод, Шобегим Маликшоева, Фирдавси Аъзам ва дигарон гирдоварӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.