Ҷаримаи 3 ронанда пас аз нашри видео дар Facebook

Дар шаҳри Душанбе се ронанда пас аз нашри видео дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷарима шуданд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, навори танзимшудаи видео ба почтаи электронии милитсияи пойтахт низ фиристода шуд. Ин видеои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо корбаре бо номи Давид Холивар дар якчанд гурӯҳи Facebook нашр кард. “Навори мазкур аз […]

Дар шаҳри Душанбе се ронанда пас аз нашри видео дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷарима шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, навори танзимшудаи видео ба почтаи электронии милитсияи пойтахт низ фиристода шуд. Ин видеои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо корбаре бо номи Давид Холивар дар якчанд гурӯҳи Facebook нашр кард.

“Навори мазкур аз ҷониби кормандони БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, дар натиҷа чанде аз ронандагон ба ҷавобгарӣ ҷалб гардиданд”, – омадааст дар маълумоти милитсияи пойтахт.

Зимнан аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ шудан, тавассути суроғаҳои электронии [email protected], саҳифаи расмии Раёсат  дар Facebook «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» муроҷиат кунанд ё бо телефони (+99237) 221-15-00 дар тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.