Хуҷанд Чемпионати Осиё-2022 оид ба самборо пазироӣ мекунад

Тибқи қарори Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё (ИСО), ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласа намояндагони 22 давлати қораи Осиё иштирок кардаанд. Гуфта мешавад, президенти Иттиҳодияи […]

Asia-Plus

Тибқи қарори Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё (ИСО), ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласа намояндагони 22 давлати қораи Осиё иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, президенти Иттиҳодияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев зимни суханрониаш ба роҳбарияти федератсияҳои миллӣ барои рушди самбо дар қора изҳори сипос намуд.

“Ба иштирокчиён, ҳамчунин аз рафти баргузории мусобиқаи самбо дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта (Индонезия), Фестивали ҳунарҳои размӣ дар Чунҷу (Кореяи Ҷанубӣ) ва Чемпионати Осиё дар Деҳлӣ (Ҳиндустон) директори генералии ИСО Суреш Гопӣ гузориш дод”, – омадааст дар маълумот.

Дар анҷуман бо дастгирии аъзои он Федератсияи самбои Баҳрайн ба узвияти Иттиҳодияи самбои Осиё қабул гардида, ба федератсияҳои самбои Макао ва Ҳонг Конг мавқеи узви комилҳуқуқи ИСО дода шуд.

Зикр мегардад, ки дар қисмати охири ҷаласа маҳали баргузории Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2020 шаҳри Бали (Индонезия), 2021 – Тошканд (Узбекистон), 2022 – Хуҷанд (Тоҷикистон) интихоб шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.