“Қорӣ ишкамба”-и театри Конибодом ба ҷашнвораи байнулмилалӣ меравад

Намоиши “Қорӣ ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин фестивали байнулмилалии “Северные встречи” (Вохӯриҳои шимолӣ) иштирок мекунад. Ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур ба Asia-Plus хабар дод, ки ин фестивал аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор мешавад. “Ин сафари дуюми намоиши “Қорӣ ишкамба” ба хориҷ аз кишвар мебошад. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Намоиши “Қорӣ ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин фестивали байнулмилалии “Северные встречи” (Вохӯриҳои шимолӣ) иштирок мекунад.

Ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур ба Asia-Plus хабар дод, ки ин фестивал аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор мешавад.

“Ин сафари дуюми намоиши “Қорӣ ишкамба” ба хориҷ аз кишвар мебошад. Бори аввал мо дар ҳамоиши театрҳои хиёбонӣ дар Қирғизистон ҳунарнамоӣ карда будем. Сипас моро ба фестивали “Северные встречи” даъват карданд, ки ин боиси ифтихор аст. Мо дар ҷашнвораҳо танҳо барои худро нишон додан ва ғолиб омадан иштирок намекунем, балки аз таҷрибаи театрҳои дигар низ баҳравар мешавем”, – иброз дошт ӯ.

Фарҳод Ғаффорпур тоҷикони дар он шаҳр иқоматдоштаро ба тамошои спектакл даъват кард.

“Қорӣ ишкамба” дар театри шаҳрии драмавии Нижневартовск ба забони русӣ 25-уми октябр, соати 14:00 намоиш дода мешавад”, – афзуд ҳунарпеша.

Қобили зикр аст, ки намоиши “Қорӣ ишкамба” аз рӯйи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” ба саҳна гузошта шуда, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.