Мусодираи 13 корду электрошокер ва кастету дастчӯби оҳанин дар пойтахт

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон амалиёти махсусро бо номи шартии “Корд” роҳандозӣ кардааст. Кормандони милитсия аз 14-уми октябр инҷониб дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гаштугузор карда, аз якчанд нафар силоҳи сард ва ашёи зерин дарёфту мусодира намуданд: Ином Амиршоев, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 1 адад кастет; Лоиқзода Сиёвуши Идибек, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонон амалиёти махсусро бо номи шартии “Корд” роҳандозӣ кардааст.

Кормандони милитсия аз 14-уми октябр инҷониб дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гаштугузор карда, аз якчанд нафар силоҳи сард ва ашёи зерин дарёфту мусодира намуданд:

Ином Амиршоев, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 1 адад кастет;

Лоиқзода Сиёвуши Идибек, соли таваллудаш 1995, сокини ш.Душанбе, пеш бо моддаи 237 қ.3 КҶ ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст – 1 адад корд (финка);

Саидмумини Нодирҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 1 адад корд (финка);

Ҳамзаалии Маҳмадалии Умарзод, соли таваллудаш 1990,  зода ва сокини ноҳияи Восеъ – 1 адад корд (финка);

Субҳон Аюбов, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе – 2 адад корд (финка);

Ҷаҳонгир Мабуров, соли таваллудаш 2000, сокини ш.Душанбе – 1 адад корд (финка).

Ҳамзамон дар доираи баргузории амалиёт аз ҷайби донишҷӯёни зерин як ададӣ  корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:

Наҷмиддин Наҷмиддинов, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯйи факултаи иқтисодии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи ш.Душанбе;

Ҳомид Абдуллоев, сокини ш.Душанбе, донишҷӯйи факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Барои бо худ гардонидани корд ва дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда нисбат ба 4 нафар шаҳрвандони мазкур дар асоси қарори суд ба муҳлатҳои аз 5 то 7 шабонарузӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ шуда, парвандаҳои дигарон дар баррасии додгоҳӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар рафти гузаронидани амалиёт аз ҷайби як хонандаи синфи 11-и МТМУ №31-и ноҳияи Шоҳмансур 1 адад воситаи махсуси барқдиҳанда (электрошокер), аз дасти хонандаи синфи 10-и Литсейи иқтисодии барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе 1 адад дастачӯби оҳанин, аз ҷузвдони хонандаи синфи 7-и МТМУ №92-и ноҳияи Сино 1 адад корд (финка), аз ҷайби хонандаи синфи 11-и МТМУ №81-и ноҳияи Сино 1 адад корд (финка) дарёфт ва мусодира гардид.

Барои зоҳир кардани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.