Палатаи ҳисоб $10,5 млн. зарари молиявиро ошкор кард

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 102,5 млн. сомонӣ (беш аз 10,5 млн. доллар) зарари молӣ ошкор кард. Ин миқдор зиён дар натиҷаи баргузории 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ошкор шудааст. […]

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 102,5 млн. сомонӣ (беш аз 10,5 млн. доллар) зарари молӣ ошкор кард.

Ин миқдор зиён дар натиҷаи баргузории 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби ҶТ хабар медиҳад.

Қаблан аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввал дар Палатаи ҳисоб қайд карданд, ки аксари далелҳои ошкоршудаи расонидани зарари пулӣ ба беҳуда сарф кардани буҷет, кам ё рӯйпӯш кардани андозҳо, боло бурдани арзиши ҳаҷми таъмиру сохтмон, хароҷоти ғайриқонунӣ ва беасос аз эътибор соқит кардани маблағҳо дахл доранд.

Ҳамчунин дар мавридҳои фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, пардохт накардани фоида (дивиденд) аз рӯйи саҳмияҳои давлатӣ низ зарари молиявӣ муайян шудааст.

Зарари аз ҳама калон аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши аудиторӣ дар нимсолаи аввал дар КВД “Манзили дастрас” – 41,1 млн. сомонӣ (зиёда аз 4,2 млн. доллар) ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.