Коҳиши назарраси содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон 28,1% кам шуд. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 82,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, қисми зиёди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон 28,1% кам шуд.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 82,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ имсол ба Қазоқистон (45,6% аз ҳаҷми умумӣ) ва Русия (20%) содирот шудааст.

Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қирғизистон (9%), Туркия (5,4%), Афғонистон (3,7%), Украина (3%), Олмон (1,8%), Беларус (1,7%), Чин (1,6%), Покистон (1,5%), ИМА (1,2%), Ӯзбекистон (0,6%) ва дигар кишварҳо (4,3%) фиристода шудааст.

Чӣ содирот мекунем?

Дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон бештар пиёз – 56,8 ҳазор тонна содирот шудааст, ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта ҳаҷми он 24 ҳазор тонна кам шудааст.

Ҳамчунин имсол дар ҳаҷми нисбатан зиёд хушкмева (11,1 ҳазор тонна), ангур (4,1 ҳазор тонна), зардолу (4 ҳазор тонна) ва олу (2,5 ҳазор тонна) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Бодиринг, сабзӣ, карам, картошка, чормағз, шафтолу, себ, нок, тарбузу харбуза, маҳсулоти ситрусӣ ва ғайра нисбатан кам содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ-индустриалӣ буда, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 20% ва соҳаи саноат – 17,7%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 19 млрд. сомонӣ (наздики 2 млрд. доллар)-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1% бештар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.