Ҳалокати 4 нафар дар як садамаи ронандаи маст

Ронандаи “Газел” дар ҳолати мастӣ ба автомашинаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст, ки дар натиҷа 4 мусофир ба ҳалокат расида, ду нафар захмӣ шудаанд. Бино ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” Даврон Саидови 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ронандаи “Газел” дар ҳолати мастӣ ба автомашинаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст, ки дар натиҷа 4 мусофир ба ҳалокат расида, ду нафар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” Даврон Саидови 29-сола, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи “Опел-Вектра” Хирад Расулови 30-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамчунин сокини ноҳияи Ховалинг Мазорӣ Ҳабибуллоев, соли таваллудаш 1987 ва Нуриддин Ҷӯраев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва боз як мусофири дигари автомашинаи мазкур – марди тахминан 25-30-сола, шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел” ва мусофири дигари “Опел-Вектра” Маҳмадшариф Шарифов, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.