Дар ҳайати Тоҷикистон 7 футболбози легионер бозӣ мекунанд

Ин теъдод легионерҳо ё худ футболбозон аз дастаҳои мамолики дигар кайҳост, ки даъват нашуда буданд. Пас аз танаффуси тӯлонӣ ҳимоягари дастаи “Нефтехимик”-и Нижнекамск Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари “Бухоро” Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват шуданд. Ба ҷуз онҳо, ҳимоягар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия),  нимҳимоягарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов […]

Аваз Юлдошев

Ин теъдод легионерҳо ё худ футболбозон аз дастаҳои мамолики дигар кайҳост, ки даъват нашуда буданд.

Пас аз танаффуси тӯлонӣ ҳимоягари дастаи “Нефтехимик”-и Нижнекамск Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари “Бухоро” Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват шуданд.

Ба ҷуз онҳо, ҳимоягар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия),  нимҳимоягарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), ҳамчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш) низ ба ҳайати дастаи миллӣ даъват шудаанд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро ба бозиҳои моҳи ноябр бо Малайзия (9-уми ноябр, Куала-Лумпур), Мянма (14-уми ноябр, Мандалай) ва Қирғизистон (19-уми ноябр, Бишкек) эълон кард.

Ба ин бозиҳо 23 нафар бозигарон бо шумули легионерҳо даъват шудаанд:

Дарвозабонон: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоягарон:  Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳама аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳар ду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоягарон: Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (дар ягон даста бозӣ намекунад).

Субҳи 6-уми ноябр мунтахаби футболи Тоҷикистон барои гузаронидани бозии рафиқона бо Малайзия ба Куала-Лумпур меравад. Вохӯрӣ рӯзи 9-уми ноябр дар варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил соати 17:45 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Пас аз вохӯрии рафиқона бо Малайзия футболбозони тоҷик аз Куала-Лумпур ба Мандалай рафта, рӯзи 14-уми ноябр дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими Мянма бозӣ мекунанд. Он дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» соати 15:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Сипас дастпарварони Усмон Тошев ба Бишкек раҳсипор шуда, бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро бо тими Қирғизистон мегузаронанд. Он рӯзи 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.