Ҳалокати 7 нафар дар садамаҳои нақлиёт

Тайи се рӯзи гузашта бар асари садамаҳои васоити нақлиёт 7 кас фавтида, 6 нафар маҷруҳ шудаанд. Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 9-уми ноябр дар роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Қудрат Муъминов дар ҳудуди ноҳияи Кушониён ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Муҳсин Рамазонии 29-сола бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тайи се рӯзи гузашта бар асари садамаҳои васоити нақлиёт 7 кас фавтида, 6 нафар маҷруҳ шудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 9-уми ноябр дар роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Қудрат Муъминов дар ҳудуди ноҳияи Кушониён ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Муҳсин Рамазонии 29-сола бархӯрдааст.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони дохили автомашинаҳо – Ҷурахон Маҳмадалиев ва як нафари шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса фавтидаанд. Се мусофири дигари автомашинаҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудаанд.

Дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи боркашони “Камаз” Фахриддин Шарифов ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” пиёдагарди 69-сола Тошпулод Ғаниевро дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ пахш кардааст. Пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 10-уми ноябр боз як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод рух додааст. Зимни бархӯрди автомашинаҳои тамғаи “Мерседес-Бенс” ва “Даймер-Крайслер” 3 мусофири маҷруҳ ба дармонгоҳ интиқол дода шудаанд. Як мусофири дигари мошини “Даймер-Крайслер” Файзалӣ Саъдиев дар беморхона фавтидааст.

Ҳамчунин рӯзи 8-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола” Миҷгона Қурбонова дар ҳудуди ноҳияи Данғара пиёдагард Файзалӣ Усмоновро пахш кардааст. Аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.