spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тасмими Гулнора Каримова дар мавриди бозгашт ба ҳаёти иҷтимоӣ

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови 25-сола дар Instagram навиштааст, ки модараш – Гулнора Каримова мехоҳад, дубора дар ҳаёти иҷтимоии кишвар иштирок кунад.

"Бо ташаббуси раҳбарияти нави Ӯзбекистон дар кишвар лоиҳаҳои наве иҷро мешаванд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин, модарам тасмим гирифт, дигаргуниҳои ахирро дар кишвар, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи молӣ дастгирӣ кунад", – гуфт Ислом Каримови хурдӣ, хабар медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

Гуфта мешавад, Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсияи Додситонии кулли Ӯзбекистон 28 июли соли 2017 дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки "зидди духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар ИМА аз бедаракшавии Гулнора Каримова нигаронанд

Дар иттилоияи додситонӣ омада буд, ки Каримова 21 августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додситонӣ 3 октябри соли равон ҳамчунин хабар дод, ки Каримова дар яке аз зиндонҳои Ӯзбекистон муҳлати ҷазои худро адо мекунад.

Додситони Шведсия Гуннар Стетлер 4 сентябри имсол дар додгоҳи Стокҳолм далелҳоеро пешниҳод кард, ки нишон медиҳанд, молики асосии ширкатҳои офшории ба номи атрофиёни наздики духтари президенти пешини Ӯзбекистон — Гаянэ Авакян ва Рустам Мадумаров бозшуда ва саҳмияҳои иншоотҳои дигар худи Гулнора Каримова аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...