Шумори рекордии вакилон дар анҷумани пеш аз интихоботии ҲХДТ

Дар кори анҷумани навбатии 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи декабр дар Душанбе доир мегардад, аз тамоми минтақаҳои кишвар наздики 2 ҳазор нафар вакилон иштирок мекунанд. Чунин шумори вакилонро дар анҷуман то ҳол ҳеҷ яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷамъ наовардааст. Дар анҷумани 12-уми ҲХДТ моҳи декабри соли 2014 теъдоди вакилон 1 ҳазору 200 нафар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар кори анҷумани навбатии 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи декабр дар Душанбе доир мегардад, аз тамоми минтақаҳои кишвар наздики 2 ҳазор нафар вакилон иштирок мекунанд.

Чунин шумори вакилонро дар анҷуман то ҳол ҳеҷ яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷамъ наовардааст. Дар анҷумани 12-уми ҲХДТ моҳи декабри соли 2014 теъдоди вакилон 1 ҳазору 200 нафар буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо конфронсҳои ҳисоботию интихоботии бахшҳои ҳизб ҷараён доранд. Дар онҳо вакилон ба анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб пешбарӣ мешаванд.

Ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ, дар анҷуман аз фаъолияти ҲХДТ дар соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, аввали моҳи декабр, яъне 90 рӯз пеш аз баргузории интихобот ба парлумон сарвари давлат расман санаи дақиқи онро эълон карда, то 75 рӯз пеш аз интихобот ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадоранд, анҷуманҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

То имрӯз санаи дақиқи баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии Ҳизби коммунист, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби состсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон таъин карда нашудааст.

Танҳо Ҳизби демократи Тоҷикистон эълон дошт, ки анҷумани пеш аз интихоботии худро рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.