Воҳидҳои наҷотдиҳӣ дар Бадахшон соҳиби таҷҳизоти нав шуданд

Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаи зудамали наҷотдиҳии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ 23 борхалтаи таҷҳизоти махсус супорид. Маросими таҳвили воситаҳои техникӣ 14-уми ноябр дар раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ баргузор шуд. Тибқи иттилои КҲФ Тоҷикистон, 23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадоми он то […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Дастаи зудамали наҷотдиҳии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ 23 борхалтаи таҷҳизоти махсус супорид.

Маросими таҳвили воситаҳои техникӣ 14-уми ноябр дар раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ВМКБ баргузор шуд.

Тибқи иттилои КҲФ Тоҷикистон, 23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадоми он то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои наҷотбахшӣ, аз қабили тоскулоҳ, айнак, доруқуттӣ, фонус, дастпӯшҳо ва ғайра ба дастаи наҷотдиҳии раёсат супорида шуд.

Дар ин маросим муовини Раиси КҲФ полковник Муҳаммадҷон Салимзода, муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат варзиданд. 

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадҷон Салимзода ба роҳбарияти Агентии Оғохон оид ба макони зист барои ин кумакҳо изҳори сипос карда, гуфтааст, ки техникаи таҳвилшуда ба тақвияти имконот ва зарфиятҳои воҳидҳои наҷот мусоидат карда, пешниҳоди кумак ба ниёзмандон ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаро осон мекунад.

Дар навбати худ сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтанист, ки ҳамин гуна борхалтаҳо, костюмҳои ҳимоя дар обҳо ва қаиқҳои резинӣ ба воҳиди наҷоти КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт низ таҳвил хоҳад ёфт. Ҳамаи воситаҳои техникии таҳвилшуда зимни корҳои наҷотбахшӣ истифода мешаванд.

Ҳамзамон саҳифаи фейсбукии МИМҲД-и ВМКБ иттилоъ медиҳад, ки зимни супоридани таҷҳизот муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов саҳми кормандони Агентии Оғохон оид ба макони зистро дар ҳамкорӣ бо кормандони раёсати КҲФ-и вилоят ҷиҳати наҷот додани ҷаҳонгардони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳони Исроилӣ дар баландкӯҳҳои водии Бартанги ноҳияи Рӯшон муҳим донистааст.

Агентии Оғохон оид ба макони зист баҳри баланд бардоштани иқтидори сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва пеш аз ҳама раёсати КҲФ дар ВМКБ чорабиниҳои омӯзиши мутахассисон, аз ҷумла, харитасозӣ, технологияи компютерӣ, истифодаи дрон, расондани кумаки аввалияи тиббӣ ба осебдидагонро баргузор мекунад. Ҳамчунин дар давоми якуним соли охир барои сохторҳои ноҳиявии раёсати мазкур 3 автомашинаи тамғаи “Нива” ба маблағи зиёда аз 380 ҳазор сомонӣ харида, бинои маркази тайёрии наҷотбахшонро таъмир ва бо лавозимоти ёрирасон таъмин кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.