Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!

АНОНС

– Сафорати Амрико ба Намоишгохи тахсилотӣ даъват мекунад: рӯзи 18-уми ноябр, аз соати 14:00 то 17:00 дар бинои Китобхонаи миллии Точикистон;

– Дар доираи Ҳафтаи филмҳои русиягӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” соти 14:30 филми «Воскресенье» ва 17:30 «Однажды в Трубчевске» намоиш дода мешавад. Тамошои филмҳо бепул аст;

– Дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоишгоҳи шахсии Ирина Дмитриева Ванн таҳти унвони «Миры и мифы Тимура Зульфикарова. Живая древность» ҷараён дорад. Намоишгоҳ аз соати 10:00 то 17:00 кор мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6936 сомонӣ;

1 евро – 10.6940 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1994 – Таъсиси ҳафтавори хусусии «Дайджест-пресс».

1921-1997 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхӯҷа Баҳодуров.

1968-2010 – Мавлуди оҳангсоз Ҳафиз Саидов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с. дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3° , рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар ВМКБ —  Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2°, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15° хунук, рӯзона аз -4+1° мешавад.

Дар НТМ  — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.   

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...