Шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералӣ барҳам дода шуд

Шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Тавре торнамои “Адлия” иттилоъ медиҳад, фармонро дар ин хусус раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1-уми ноябр имзо кардааст. Тағйирот ба фармони президент аз 14-уми августи соли 2015 (№539) “Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва тартиби идораи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқи моддаи 56-и Қонуни ҶТ “Дар бораи санадҳои […]

Шуъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Тавре торнамои “Адлия” иттилоъ медиҳад, фармонро дар ин хусус раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1-уми ноябр имзо кардааст.

Тағйирот ба фармони президент аз 14-уми августи соли 2015 (№539) “Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва тартиби идораи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқи моддаи 56-и Қонуни ҶТ “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” ворид шудааст.

“Аз банди 1 фармони президенти Тоҷикистон аз 14 августи соли 2015 (№539) “Дар бораи сохтори Дастгоҳи марказӣ ва тартиби идораи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сархати шонздаҳум “Шуъбаи амнияти дохилӣ” хориҷ карда шавад”, – омадааст дар Фармон аз 1-уми ноябр (№1372).

Ёдрас мекунем, ки бинобар самаранок набудани фаъолият ва ҷой доштани ҳолатҳои коррупсионӣ, қаблан чунин шуъбаҳо дар ду мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук низ барҳам дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.