Баррасии рӯзномаи нишасти сарони кишварҳои ОМ дар Тошканд

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон доир гардид. Дар он роҳбари ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин буд. Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои Мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони […]

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон доир гардид. Дар он роҳбари ҳайати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин буд.

Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои Мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.

Баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.