Туркия 21 тоҷикистонии узви ДОИШ-ро истирдод мекунад

Ҳукумати Туркия истирдоди шаҳрвандони хориҷии ҷонибдори созмони террористии ба ном Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, ба нақша гирифтааст. Тавре нашрияи туркии Hurriyet  хабар медиҳад, дар рӯйхати хориҷиёни зархарид 21 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд. Туркия ҳамагӣ 959 нафар ҷонибдорони эҳтимолии Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, истирдод карданист. Аз ҷумла, дар байни онҳо 99 […]

Hurriyet

Ҳукумати Туркия истирдоди шаҳрвандони хориҷии ҷонибдори созмони террористии ба ном Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, ба нақша гирифтааст.

Тавре нашрияи туркии Hurriyet  хабар медиҳад, дар рӯйхати хориҷиёни зархарид 21 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Туркия ҳамагӣ 959 нафар ҷонибдорони эҳтимолии Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, истирдод карданист.

Аз ҷумла, дар байни онҳо 99 зодаи Русия, 82 нафар аз Ӯзбекистон, 21 нафар аз Тоҷикистон, 23 нафар аз Қирғизистон, 10 нафар аз Қазоқистон, 29 нафар аз Озарарбойҷон ва даҳҳо шаҳрванди кишварҳои аврупоӣ ҳастанд.

Қаблан вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар бораи аз рӯзи душанбе оғоз шудани истирдоди ҷангиёни ДОИШ ба кишварҳояшон хабар дода буд. Аввалин узви ДОИШ – зодаи ИМА, ки ба Юнон фиристода шуд, аз ҷониби ҳукумати ин кишвар қабул нашуд.

“Кӣ дар сарҳад мондааст, кадом кишвар ҷангиёни худро қабул карду кадомаш рад кард, мо ба ин кор надорем ва истирдоди онҳоро давом медиҳем”, – гуфт Сойлу ба рӯзноманигорон дар Анқара.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.