Таълими инсондӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим ба толибилмони Душанбе

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии Тоҷикистон ҳамоишҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ оғоз шуданд. Нақшаи чорабиниҳо, ки аз 8-уми ноябр шурӯъ гардида, то 4-уми июни соли 2020 идома меёбад, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст. Тибқи маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ 8-уми ноябр […]

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии Тоҷикистон ҳамоишҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ оғоз шуданд. Нақшаи чорабиниҳо, ки аз 8-уми ноябр шурӯъ гардида, то 4-уми июни соли 2020 идома меёбад, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ 8-уми ноябр бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ масоили ташаккули малакаҳои тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазирию инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ баррасӣ шуданд.

Ин вохӯриҳо бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Нақшаи чорабиниҳои ҳамоишҳои мазкур дар асоси нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 30-юми сентябри соли 2019 таҳия шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.