Оғози Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ оғоз шуд, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати 14:00 доир мегардад. Дар намоишгоҳ муассисаҳои зерин маълумот пешниҳод мекунанд: Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байнулмилалӣ (ACCELS), Education USA, Марказҳои амрикоӣ (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази фарҳангии “Бактрия”, […]

Имрӯз дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ оғоз шуд, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати 14:00 доир мегардад.

Дар намоишгоҳ муассисаҳои зерин маълумот пешниҳод мекунанд: Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байнулмилалӣ (ACCELS), Education USA, Марказҳои амрикоӣ (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази фарҳангии “Бактрия”, ҳамчунин сафорати Бритониёи Кабир, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт”, Илмхона, Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари кории миллии Эразмус+.

Намояндагони ҳар кадоме аз ин ташкилотҳо ҳозиринро бо барномаҳои таҳсилотӣ шинос карда, дар бораи шароиту имконот маълумот медиҳанд ва ба суолҳои иштирокдорон посух мегӯянд.

Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ имкони табодули маълумот оид ба таҳсил дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА дар доираи талошҳо баҳри омода кардани мардуми Амрико ба муҳити глобалӣ ва ҷалби пешвоёни оянда аз хориҷа барои таҳсил, омӯзиш ва табодули таҷриба дар Иёлоти Муттаҳида гузаронида мешавад.

Тавре дар намояндагии дипломатии ИМА қайд мекунанд, барномаҳои табодули таҷриба барои рушдии тафоҳум ва эҳтиром, инкишофи пешвоӣ дар хориҷа ва саҳм гузоштан ба рушди минбаъдаи муносибатҳо байни ИМА ва мардумони кишварҳои дигар хеле муҳиманд.

Зикр мешавад, ки Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ то 22-юми ноябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.