Дархости ҳабси абади айбдоршавандаҳо дар инфиҷори метрои Санкт-Петербург

Барои иштирокчии асосии парвандаи таркиш дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов ҳабси якумрӣ дархост шудааст. Тавре РБК хабар медиҳад, прокурор ҳамчунин дархост кардааст, ки ӯ дар ҳаҷми 1 млн. рубл ҷарима шавад. Бино ба маълумоти “РИА Новости”, айбдоркунандаи давлатӣ барои Акрам Азимов, бародари Аброр, инчунин Муҳаммадюсуф ва Иброҳим Эрматовҳо ҳукми ҳабси абадро дархост кардааст. Илова бар ин, […]

Asia-Plus

Барои иштирокчии асосии парвандаи таркиш дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов ҳабси якумрӣ дархост шудааст.

Тавре РБК хабар медиҳад, прокурор ҳамчунин дархост кардааст, ки ӯ дар ҳаҷми 1 млн. рубл ҷарима шавад.

Бино ба маълумоти “РИА Новости”, айбдоркунандаи давлатӣ барои Акрам Азимов, бародари Аброр, инчунин Муҳаммадюсуф ва Иброҳим Эрматовҳо ҳукми ҳабси абадро дархост кардааст.

Илова бар ин, прокурор аз суд дархост кардааст, ки ҳамаи 11 нафар судшавандаҳо дар парвандаи амали террористӣ гунаҳкор эътироф шаванд. 

Таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 3-юми апрели соли 2017 рух дод. Тахрибкори маргталаб Акбарҷон Ҷалилов ба метрои шаҳр ду дастгоҳи тарканда дароварда буд. Инфиҷор байни истгоҳҳои «Сенная площадь» ва «Технологический институт» ба амал омад. Боз як бомба дар истгоҳи «Площадь Восстания» ошкор ва безарар гардонида шуд.

Дар натиҷаи ин амали террористӣ 16 нафар ҳалок ва зиёда аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.