Шумори тоҷикистониён дар як сол 203 ҳазор нафар афзуд

Date:

Шумори аҳолии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи октябри соли равон 2,2% зиёд шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, ба 1 октябри соли 2019 шумори аҳолии Тоҷикистон бо назардошти таваллудшудагон, маргу мир ва муҳоҷират 9 млн. 258 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аҳолии нисбатан зиёдтар дар Хатлон – 3 млн. 328 нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолии вилояти Суғд то 1 октябри соли ҷорӣ ба 2 млн. 690 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 156 ҳазор, шаҳри Душанбе – 855 ҳазор ва ВМКБ ба 228 ҳазор нафар расидааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти САҲШ 162,6 ҳазор нафар таваллудшудагонро сабт кардаанд, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон – 65,2 ҳазор, вилояти Суғд – 42,5 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 40 ҳазор, шаҳри Душанбе – 11,9 ҳазор ва ВМКБ – 2,9 ҳазор нафар.

Шумори маргу мир дар ин давра дар ҷумҳурӣ 25 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки байни онҳо 1,5 ҳазор нафар кӯдакони синни то 1-сола ҳузур доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...