Шумори тоҷикистониён дар як сол 203 ҳазор нафар афзуд

Шумори аҳолии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи октябри соли равон 2,2% зиёд шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, ба 1 октябри соли 2019 шумори аҳолии Тоҷикистон бо назардошти таваллудшудагон, маргу мир ва муҳоҷират 9 млн. 258 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии нисбатан зиёдтар дар Хатлон – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори аҳолии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи октябри соли равон 2,2% зиёд шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, ба 1 октябри соли 2019 шумори аҳолии Тоҷикистон бо назардошти таваллудшудагон, маргу мир ва муҳоҷират 9 млн. 258 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аҳолии нисбатан зиёдтар дар Хатлон – 3 млн. 328 нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолии вилояти Суғд то 1 октябри соли ҷорӣ ба 2 млн. 690 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 156 ҳазор, шаҳри Душанбе – 855 ҳазор ва ВМКБ ба 228 ҳазор нафар расидааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти САҲШ 162,6 ҳазор нафар таваллудшудагонро сабт кардаанд, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон – 65,2 ҳазор, вилояти Суғд – 42,5 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 40 ҳазор, шаҳри Душанбе – 11,9 ҳазор ва ВМКБ – 2,9 ҳазор нафар.

Шумори маргу мир дар ин давра дар ҷумҳурӣ 25 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки байни онҳо 1,5 ҳазор нафар кӯдакони синни то 1-сола ҳузур доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.