Дар шаҳри Порис рӯзи 19 ноябр форуми вазирони фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бо сарпарастии ЮНЕСКО ба кори худ оғоз кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ҷумҳурӣ, дар радифи намояндагони 140 кишвари ҷаҳон вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби Комисияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон низ дар кори форум ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, форум бо сухани ифтитоҳии Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ҳусни оғоз пазируфт.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
“Дар кори форум дурнамои фаъолият то соли 2030, инчунин, ҳамзистии фарҳанги маънавӣ дар шароити ҳозираи тамаддун, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқлим, ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ мегардад”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг.
Зикр мешавад, ки дар форум вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи вазирони фарҳанги кишварҳои дунёро ба фарҳанги антиқии миллати тоҷик ҷалб намуда, оид ба сиёсати дарҳои кушоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.
Вазирони фарҳанги дигар кишварҳои дунё низ оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳа суханронӣ карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


