Чанд тавсияи КҲФ ба ронандагон дар фасли сармо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад. Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода шуд, […]

Манзума ФИРӮЗ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ронандагон хотиррасон мекунад бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳистонии мамлакат хатари лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Ҳамчунин дар натиҷаи поин рафтани дамои ҳаво эҳтимоли яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Дар робита бо тағйири обу ҳаво, ки пештар ҳам хабар дода шуд, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошини худро ҷиддан аз назар гузаронанд. Инчунин кумита чанд тасияи дигарро ба ронандагон пешниҳод мекунад, аз ҷумла: 

– Ронандагон чархҳои тобистонаи автомашинаи худро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

– Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

 – ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

– ҳаракат бо мошин дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаворо маҳдуд созед;

Бо риояи ин чанд тавсия шумо метавонед  ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ ҳифз кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.