Кӯдаки 2-сола ва ҷавонони дар лифт дармонда наҷот дода шуданд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон кумак каданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, бегоҳии 19 ноябри соли равон ба Қисми навбатдории Кумита аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  як хонум занг зада, изҳор доштааст, ки дари оҳании даромади манзили […]

Манзума ФИРӮЗ, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар боз кардани дари баста ва лифти дармонда ба сокинон кумак каданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, бегоҳии 19 ноябри соли равон ба Қисми навбатдории Кумита аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  як хонум занг зада, изҳор доштааст, ки дари оҳании даромади манзили худро наметавонад боз кунад. Писарчаи дусолаи ӯ даруни хона танҳо мондааст ва ӯ аз сарнавишташ басо нигарон аст.

Кормандони дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сари вақт  ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва тифлаки дусоларо солим ба модараш расонданд.

Ҳамзамон нимишабӣ дар лифти хонаи нуҳошёна воқеъ дар кӯчаи ба номи Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду ҷавон дармондаанд. Лифт на боло мерафту на поин ва на дари худро боз мекард.

Ҳамсояҳо ба қисми навбатдории Кумита занг зада, бо арзи ҳолати пешомада кумак хостанд. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса худро расонданд. Маълум карданд, ки лифт миёни ошёнаҳои панҷум ва шашум дармондааст.

Дар як муддати хеле кӯтоҳ лифтро боз карданд ва ду ҷавонро аз дохили он берун оварданд. Онҳо дигар савори лифт нашуда, бо изҳори ташаккур ба наҷотдиҳандагон бо зинаҳо ба манзилҳои худ боло шуданд. Барои онҳо кумаки тиббӣ низ лозим нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.