Милитсияи сайёҳӣ дар назди марзи Ӯзбекистон хизмат мерасонад

Дата:

Дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 20-уми ноябр нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд. Ҳафтаи гузашта чунин нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои ВКД, айни замон 4 нуқтаи милитсияи сайёҳӣ дар вилояти Суғд барои хизмат расонидан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ кор мекунанд. Ба фаъолият шурӯъ кардани чунин нуқтаҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шуда, натиҷаи ҳамкории шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД бо ширкати алоқаи мобилии Tcell мебошад.

Дар ин нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас кунад, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани муҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад.

Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба ҷаҳонгардон хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

Тибқи маълумоти шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД давоми 9 моҳи соли 2019 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд 46 600 сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное