Сафири Тоҷикистон дар Бритониё аз донишгоҳи Оксфорд боздид кардааст

Дата:

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода рӯзи 19-уми ноябр бо сафари корӣ ба донишгоҳи Оксфорд рафтааст.

Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, сафир бо профессор Эдмунд Ҳерзиг, мудири пажӯҳишгоҳи форсии донишгоҳи Окфорди Бритониёи Кабир мулоқот кардааст. Ҷонибҳо имкони ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ ва илмии Тоҷикистон, инчунин мубодилаи донишҷӯён ва олимону муҳаққиқони ҷавонро баррасӣ намуданд.

Гузашта аз ин, дар пажӯҳишгоҳ вохӯрии Масуд Халифазода бо ҳайати устодон, муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳ, ки рӯйи мавзӯъҳои илмии вобаста ба Осиё Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон фаъолият мебаранд, баргузор шудааст. Дар ин робита сафир ба аҳли нишаст дар бораи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва муассисаҳои тадқиқотию илмии кишвар маълумоти муфассал додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное