Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёт

Дар шаҳри Истаравшан зимни бархӯрди ду сабукрав модару кӯдаки хурдсолаш ҷон бохтанд. Бино ба иттилои ВКД, ин садама 22-юми ноябр  дар 8-ум километри роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Уяс” ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Оламафрӯз Ҳамидов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Акмал Ҷӯрабоев бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда Оламафрӯз Ҳомидов ва […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Истаравшан зимни бархӯрди ду сабукрав модару кӯдаки хурдсолаш ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои ВКД, ин садама 22-юми ноябр  дар 8-ум километри роҳи нақлиётгарди “Истаравшан-Уяс” ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Оламафрӯз Ҳамидов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Акмал Ҷӯрабоев бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронанда Оламафрӯз Ҳомидов ва мусофирони автомашинаи мазкур Фирӯза Раҷабова бо кӯдаки хурдсолаш Фирдавс Ҳомидови яксола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи беморхона фавтидаанд.

Ҳамон рӯз дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Маъруфҷон Худойназаров пиёдагард Илҳом Исматуллоевро пахш кардааст. Дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин 21-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело” Аъзам Абдураҳмонов пиёдагарди ҷинсаш зан, шахсияташ номаълуми тахминан 30-35-соларо пахш кардааст. Пиёдагард аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.