Бақияи қарзи андоз дар Хатлон 173 млн сомонист

Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба санаи 1-уми ноябр 173 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 9 миллион сомонӣ кам шудааст. Тавре аз Раёсати нозироти андоз дар вилояти Хатлон ба Asia-Plus хабар доданд, бақияи қарзи андоз бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (19,3 млн сомонӣ), Вахш (12,5 млн сомонӣ), Кӯшониён (20,2 млн сомонӣ) […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба санаи 1-уми ноябр 173 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 9 миллион сомонӣ кам шудааст.

Тавре аз Раёсати нозироти андоз дар вилояти Хатлон ба Asia-Plus хабар доданд, бақияи қарзи андоз бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (19,3 млн сомонӣ), Вахш (12,5 млн сомонӣ), Кӯшониён (20,2 млн сомонӣ) ва Фархор (10 млн сомонӣ) мебошад.

“Агар қарзҳоро ба соҳаҳо тақсим кунем, бештари он ба соҳаи кишоварзӣ – 40,4 млн сомонӣ ё 23,2% аз ҳаҷми умумии қарзҳо ва саноат – 14,3 млн сомонӣ ё 8,2% рост меояд”, – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар 10 моҳи соли равон бо назардошти андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 99,2% иҷро шудааст. Бинобар иҷро нашудани нақша ба буҷет 9,4 миллион сомонӣ ворид нашудааст.

“Дар вилоят 13 шаҳру ноҳияҳо дар даҳ моҳи соли равон нақшаи қисми даромади андозро иҷро накардаанд. Аз ҷумла, Бохтар – 2,5 млн сомонӣ, Левакант – 748 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён – 530 ҳазор сомонӣ, Вахш – 440 ҳазор сомонӣ, Хуросон – 1,1 млн сомонӣ, Қубодиён – 3,2 миллион сомонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ – 8,9 млн сомонӣ, Ҷайҳун – 2,1 млн сомонӣ, Панҷ – 4,3 млн сомонӣ, Шаҳритус – 568 ҳазор сомонӣ, Ёвон – 6,6 млн сомонӣ, Ҳамадонӣ – 1,8 млн сомонӣ ва Фархор – 1,9 ҳазор сомонӣ аз нақша кам ҷамъоварӣ кардаанд”, – гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ки аз ҳама бештар мушкили ҷамъоварии маблағҳои андоз дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷ аст, ки тайи чанд моҳи охир наметавонанд нақшаи қисми даромадашонро иҷро кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.