Гунаҳкори ҳодисаи зери тепловоз мондани духтар авф шуд

Бар асоси таъиноти суди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ёвари ронанда (машинист) Азамат Самиҷонов, ки дар ҳодисаи зери чархи тепловоз мондани Аниса Насимзодаи 13-сола гунаҳкор дониста мешуд, тибқи қонуни авф озод карда шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари прокурори прокуратураи нақлиёти вилоят Фаридун Қурбонзода хабар дод. Моҳи сентябри соли равон прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд нисбат […]

Мадина Почоева, махсус барои для Asia-Plus

Бар асоси таъиноти суди шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ёвари ронанда (машинист) Азамат Самиҷонов, ки дар ҳодисаи зери чархи тепловоз мондани Аниса Насимзодаи 13-сола гунаҳкор дониста мешуд, тибқи қонуни авф озод карда шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” ёвари прокурори прокуратураи нақлиёти вилоят Фаридун Қурбонзода хабар дод.

Моҳи сентябри соли равон прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд нисбат ба сокини 32-солаи шаҳри Ғафуров Азамат Самиҷонов мутобиқи моддаи 211 қисми 1-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти роҳи оҳан,  ҳавоӣ ё обӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Он замон зикр гардида буд, ки айбдоршаванда ҳангоми ҳаракати тепловоз мебоист қисмати рости роҳи оҳанро бодиққат аз назар гузаронида, бехатарии ҳаракати нақлиётро таъмин мекард, лекин ӯ ин корро накард.

Ба гуфтаи Қурбонзода, аз рӯйи маводи парванда прокуратура гунаҳкории ёвари ронандаро исбот ва парвандаро ҷиҳати баррасии минаъда ба суд фиристод.

Мувофиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ, ин амал бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 2 сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Азамат Саидҷонов бар асоси таъиноти суди шаҳри Бӯстон тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Ӯ ба ҳайси ёвар (машинист) дар вазифаи пешинааш ба кор идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода рӯзи 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд. Айни замон ӯ аз бемористон баромадаву дар манзилаш бо аҳли оила аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.