Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се соли наздик ба $3,5 млрд мерасад

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишварро аз 2,9 млрд. доллари ҳозира то ба 3,5 млрд. доллар дар соли 2022 расонад.

Мувофиқи Барномаи қарзи давлатии хориҷӣ, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ қабул шуд, бо назардошти хизматгузориҳо ба он, соли 2020 қарзи хориҷӣ дар ҳаҷми 3,2 млрд., соли 2021 – 3,3 млрд. ва соли 2022 – 3,5 млрд. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, амалисозии Барнома имкон хоҳад дод, ки ҳукумат саривақт лоиҳаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ карда, ба ин васила рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди кишварро таъмин созад.

Аз ҷумла, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод ($240 млн.), таъмиру навсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа – Данғара (($60 млн.), таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои Норак ($50 млн.) ва Қайроққум ($38 млн.), барои беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон ($25 млн.), сохтмон ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ ($35 млн.) ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 2,9 млрд. долларро ташкил дод, ки ба 35,8%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк) боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ аз он беш аз 1,4 млрд. доллар қарздор аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳаҷми начандон зиёд қарздор аст.

Ҳиссаи назаррас дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) рост меояд, ки ба маблағи 500 млн. доллар дар бозорҳои байнулмилалӣ фурӯхта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...