Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда 2,1 млрд. сомонӣ (наздики $220 млн.) равона кунад.
Маблағи мазкур дар қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2020, ки ҳафтаи гузашта қабул шуд, пешбинӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки маблағгузории идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷет дар соли оянда ба ҳаҷми маблағгузориҳо бо ин мақсад дар соли равон баробар аст.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо соли 2019 ба сохтмони ин нерӯгоҳ ба сурати умум равона кардани 4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Аз ҷумла, иҷрои корҳои сохтмон ва харидории таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои боқимонда, ки тариқи ҷойгиркунии евробондҳо дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ба даст оварда шуданд, амалӣ мешавад.
Вазорати молия оид ба ҷалби қарзҳои имтиёзноки ниҳодҳои молии байнулмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳ тадбирҳо меандешад.
Тибқи маълумоти расмӣ, аз замони оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд. сомонӣ азхуд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ду гидроагрегати нерӯгоҳ кор мекунанд: якумаш моҳи ноябри соли гузашта ва дуюмаш моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шуд.
Дар толори мошинии нерӯгоҳ дар маҷмӯъ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳ соли 2033 дар назар аст.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба ҳисоби миёна зиёда аз 17,0 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


