Ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли 2020 наздики $220 млн. равона мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда 2,1 млрд. сомонӣ (наздики $220 млн.) равона кунад. Маблағи мазкур дар қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2020, ки ҳафтаи гузашта қабул шуд, пешбинӣ гардидааст. Қобили зикр аст, ки маблағгузории идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷет дар соли оянда ба ҳаҷми маблағгузориҳо бо […]

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда 2,1 млрд. сомонӣ (наздики $220 млн.) равона кунад.

Маблағи мазкур дар қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2020, ки ҳафтаи гузашта қабул шуд, пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки маблағгузории идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷет дар соли оянда ба ҳаҷми маблағгузориҳо бо ин мақсад дар соли равон баробар аст.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо соли 2019 ба сохтмони ин нерӯгоҳ ба сурати умум равона кардани 4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, иҷрои корҳои сохтмон ва харидории таҷҳизоти зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои боқимонда, ки тариқи ҷойгиркунии евробондҳо дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” ба даст оварда шуданд, амалӣ мешавад.

Вазорати молия оид ба ҷалби қарзҳои имтиёзноки ниҳодҳои молии байнулмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳ тадбирҳо меандешад.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз замони оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 28 млрд. сомонӣ азхуд шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ду гидроагрегати нерӯгоҳ кор мекунанд: якумаш моҳи ноябри соли гузашта ва дуюмаш моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шуд.

Дар толори мошинии нерӯгоҳ дар маҷмӯъ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳ соли 2033 дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба ҳисоби миёна зиёда аз 17,0 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.