Ҳукумат нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, пеш аз ҳама гӯшту ширро поин бурданист

Date:

Аз оғози соли оянда дар Тоҷикистон ба воридкунандагони гӯшт ва навъҳои баланду хушсифати тухмӣ ба кишвар имтиёзҳо ҷорӣ мешаванд.

“Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз 1-уми январи соли 2020 озод кардани пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба воридоти навъҳои баланду хушсифати тухмӣ барои ҳама гуна хели зироатҳои кишоварзӣ қарор қабул кард”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ширкатҳое, ки ба воридоти чорвои хушзот ва чорво барои гӯшт ба Тоҷикистон машғуланд, ба чунин имтиёзҳо соҳиб хоҳанд шуд.

“Ҳамчунин аз 1-уми январ воридоти ҳама гуна навъҳои хӯроки чорво аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки аз нимаи соли равон нархи гӯшт, орд ва маснуоти ордӣ дар Тоҷикистон боло рафт.

Охири моҳи август, ки гӯшт 38-40 сомонӣ нарх дошт, айни замон бо арзиши 52-55 сомонӣ фурӯхта шуда, нархи як халта орд аз 170 сомонӣ ба 220 сомонӣ расид. Арзиши як литр шир дар Душанбе давоми ним сол 1,5 сомонӣ боло рафта, феълан 5 сомонист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...