Ҳалокати 2 нафар дар садамаҳои нақлиёт

Кӯдаки 9-сола ва зани 52-сола дар садамаҳои қаламрави кишвар ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои ВКД, 30-юми ноябр дар роҳи мошингарди деҳаи Деҳқони ноҳияи Шаҳритуз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Меҳроҷ Артиқов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Раҷабалӣ Маҳмадови 9-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст. Мусофирони дохили ин мошин […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кӯдаки 9-сола ва зани 52-сола дар садамаҳои қаламрави кишвар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои ВКД, 30-юми ноябр дар роҳи мошингарди деҳаи Деҳқони ноҳияи Шаҳритуз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Меҳроҷ Артиқов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Раҷабалӣ Маҳмадови 9-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Мусофирони дохили ин мошин Зуҳуршо Буриев ва Саймурод Нодиров, сокинони деҳаи Айваҷи ноҳияи Шаҳритуз, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ҳамон рӯз инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Иқбол Саидови 25-сола дар ҳудуди деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро дар канори рости роҳ чаппа кардааст.

Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Садбарг Кенҷаева, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Темурмалик ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигар Олия Холова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.