Дар Қазоқистон автобус бо зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мошини боркаш бархӯрд

Дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон автобусе, ки дар дохили он 74 нафар аз Ӯзбекистону Тоҷикистон сафар доштанд, ба мошини боркаш бархӯрд. Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи автобус ба баландшавии суръати ҳаракат роҳ додааст. Садама 2-юми декабр дар шоҳроҳи ҷумҳуриявии Самара – Чимкент рух дода, автобуси Neoplan ва автомашинаи боркаши тамғаи Daf дар километри […]

Asia-Plus

Дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон автобусе, ки дар дохили он 74 нафар аз Ӯзбекистону Тоҷикистон сафар доштанд, ба мошини боркаш бархӯрд.

Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи автобус ба баландшавии суръати ҳаракат роҳ додааст.

Садама 2-юми декабр дар шоҳроҳи ҷумҳуриявии Самара – Чимкент рух дода, автобуси Neoplan ва автомашинаи боркаши тамғаи Daf дар километри 1311-ум, назди шаҳраки Шижага дар ноҳияи Арали вилояти Қизилорда ба ҳам бархӯрдаанд.

Тафсилоти ҳодиса таҳқиқ мешавад. Дар хадамоти матбуоти ширкати "Казавтожол" хабар додаанд, ки дар бораи суръати баланди ҳаракати автобус маълумот мавҷуд буда, бархӯрд бо автомашинаи боркаш аз сабаби риоя нашудани фосила рух додааст.

Бар асари садама пойи ду шаҳрванди Тоҷикистон шикаста, онҳоро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Арал бурдаанд.

Боқимонда 72 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон аз автобус берун оварда шуда, аз кумаки зарурӣ баҳравар шудаанд.

Зикр мегардад, ки ронандаи мусофирбар – шаҳрванди Ӯзбекистон дар ин садама осеб надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.