Коршинос: Ҳузури ДОИШ дар марзи Тоҷикистон зидди манфиатҳои Русия ва Чин аст

Минтақаи Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, имрӯз ба паноҳгоҳи асосии аъзои созмони террористии фаъолияташ дар аксари кишварҳо (аз ҷумла, Тоҷикистон) манъшудаи ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) табдил ёфтааст. “Бозигарони асосии сиёсати ҷаҳонӣ имрӯзҳо талош доранд, ки шимоли Афғонистон ва минтақаҳои ҳамсарҳад ба онро ба майдони мубориза бар зидди манфиатҳои ҷаҳонии Русия ва Чин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Минтақаи Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, имрӯз ба паноҳгоҳи асосии аъзои созмони террористии фаъолияташ дар аксари кишварҳо (аз ҷумла, Тоҷикистон) манъшудаи ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) табдил ёфтааст.

“Бозигарони асосии сиёсати ҷаҳонӣ имрӯзҳо талош доранд, ки шимоли Афғонистон ва минтақаҳои ҳамсарҳад ба онро ба майдони мубориза бар зидди манфиатҳои ҷаҳонии Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ табдил диҳанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.

Ба ақидаи ӯ, гурӯҳҳои ҷангиёни ДОИШ, ки баъд аз бохт дар Ироқу Сурия дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ба сифати чунин майдон истифода шуда метавонанд.

Коршинос мутмаин аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб на сохторҳои қудратии Афғонистон, ки амалан зери назорати НАТО мебошанд ва на нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният (ISAF) таҳти фармондеҳии НАТО ба гузаронидани амалиёти поккории шимоли Афғонистон аз ҷангиён шитоб надоранд.

Дар робита ба изҳороти сохторҳои қудратии Афғонистон нимаи моҳи ноябр дар бораи қариб пурра аз ҷангиёни ДОИШ пок шудани қаламрави кишвар, коршинос қайд кард, ки ин маълумот қисман дуруст аст.

“Охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр сохторҳои қудратии Афғонистон дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ISAF дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон як қатор амалиёти муваффақона гузарониданд, ки дар натиҷа қариб ҳамаи гурӯҳҳои тахрибкорон дар ин минтақа нобуд карда шуда, аксари ҷангиён ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд”, – гуфт Қосими Бекмуҳаммад.

Коршинос мутмаин аст, ки чунин амалиёт зидди гурӯҳҳои ДОИШ дар шимоли Афғонистон ояндаи наздик баргузор нахоҳад шуд.

“Зеро ҳузури ҷангиёни ДОИШ дар ин минтақа ба манфиатҳои геополитикии баъзе нерӯҳо созгор аст”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.