Нуқсон дар низоми интиқоли пул ба Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоб дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ин Марказ анҷом дода мешаванд. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки дар ин хусус бо се низоми интиқоли маблағҳо – «Вестерн Юнион», «Контакт» ва «Юнистрим» созишнома ба имзо […]

Имрӯз дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба фаъолият оғоз кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоб дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ин Марказ анҷом дода мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳор дошт, ки дар ин хусус бо се низоми интиқоли маблағҳо – «Вестерн Юнион», «Контакт» ва «Юнистрим» созишнома ба имзо расонида, имрӯз онҳо бояд бо реҷаи нав кор мекарданд. Аммо ба ҷуз “Юнистрим” дигар низомҳо тамоман аз кор монданд.

Мо ба марказҳои хизматгузории низомҳои писандидаи интиқоли пул барои муҳоҷирон дар Русия занг задем, то бифаҳмем, ки дар Тоҷикистон кӣ маблағҳоро қабул мекунад. Маълум шуд, ки ҳозир танҳо “Юнистрим” кор мекунад.

Дар “Вестерн Юнион” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бо сабабҳои техникӣ интиқоли пул ба Тоҷикистон муваққатан қатъ шуда, ояндаи наздик барқарор мешавад.

Дар “Контакт” иттилоъ доданд, ки интиқоли маблағ ба Тоҷикистон фаъолият дорад, лекин пул танҳо тариқи Маркази миллии протсесингии Бонки миллӣ дода мешавад.

Дар хадамоти матбуоти низоми пардохти “Золотая корона” изҳор доштанд, ки ин навъи хизматгузорӣ бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. “Аммо бо сабабҳои новобаста ба мо, саривақт пайвастшавӣ ба низоми БМТ дар муҳлати муқарраршуда муяссар нагардид. Тартиби пешниҳодкардаи интиқоли фаромарзии маблағҳо комилан нав буда, барои пайвастшавӣ ба он аз лиҳози технологӣ ва ҳуқуқӣ вақти зиёд лозим аст. Ба муколамаи созанда баҳри ҳимояи манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон умедворем”, – гуфтанд дар хадамоти матбуот.

Дар бонкҳои «Спитамен», «Эсхата», «Имон интернешнл», «Ҳумо», «Арванд» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имрӯз танҳо тариқи низоми “Юнистрим” ба мизоҷон пул дода мешавад. Дар “Ориёнбонк” гуфтанд, ки пули интиқолёфтаро танҳо дар корти бонкии “Корти миллӣ” метавон гирифт.

Дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки айни замон танҳо низоми “Юнистрим” фаъолият дошта, ояндаи наздик дигар низомҳо пайваст мешаванд.

“Давоми рӯз «Вестерн Юнион» ва «Контакт» ба низом пайваст мешаванд. Баъдтар дигар низомҳои интиқоли маблағ низ пайваст хоҳанд шуд. Бо “Золотая корона” гуфтушунид идома дорад, лекин маълум нест, ки онҳо кай ба кор оғоз мекунанд”, – хабар доданд аз шуъбаи матбуоти БМТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.