Иттиҳоди Аврупо барои сохтмони НБО “Себзор” 20 млн. евро ҷудо мекунад

Сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд KfW дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер охири ҳафтаи гузашта созишномаи саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи хурди барқи обии Себзорро дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ имзо карданд. Тавре дар маълумоти намояндагии ИА дар Душанбе қайд мешавад, маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 млн евро ба 17 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд KfW дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер охири ҳафтаи гузашта созишномаи саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи хурди барқи обии Себзорро дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ имзо карданд.

Тавре дар маълумоти намояндагии ИА дар Душанбе қайд мешавад, маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 млн евро ба 17 млн еврое, ки пештар ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Тоҷикистон зимни гуфтушуниди байниҳукуматии соли 2018 ҷудо карда буд, илова мешавад. Бо имзо шудани созишнома маблағи умумии сохтмони ин нерӯгоҳ 37 миллион евроро ташкил медиҳад.

Мэрилин Йосефсон дар суханронии худ аҳаммияти иҷтимоӣ ва муҳитзистии ин лоиҳаро таъкид кард ва гуфт, ки ин лоиҳа замина фароҳам меорад, то баъзе хонаводаҳои Бадахшони Афғонистон низ бо нерӯи барқ таъмин шаванд.

Андреас Шнайдер изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳа тавлид ва таъмини нерӯи барқи тозаро дар ноҳияи Роштқалъа ва тамоми ВМКБ беҳтар мегардонад.

Ӯ ёдовар шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ якчанд тадқиқоти муҳимро барои таҳияи лоиҳа маблағгузорӣ кард.

Ба ҷуз ин, маблағгузории Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ (USAID) барои тақвият додани зарфияти ширкати Помир Энерҷӣ ва саҳми Котиботи давлатии Швейтсария оид ба Иқтисод SECO дар сохтмони 18 км хатти интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Себзор то шаҳри Хоруғ ва сохтмони як зеристгоҳи нав зикр гардид.

Дар лоиҳаи сохтмони НБО Себзор бунёди нерӯгоҳи хурди ҷараёнӣ бо иқтидори 11 мегаватт ва зарфияти тавлиди солонаи 74,5 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар рӯдхонаи Шохдараи ВМКБ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, маблағгузории лоиҳа тавассути бонки давлатии Олмон – KfW сурат мепазирад. Масъули иҷрои лоиҳа ширкати Помир Энерҷӣ мебошад, ки низоми энергетикии ВМКБ-ро тибқи шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати ҶТ идора мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.